Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар моҳҳои январ-июни соли 2015

21.07.2015

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2015 ноустувории нарх дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ ба суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонид. Дар натиҷа ноустувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон мушоҳида гардид. Сарфи назар аз ин тағйирёбиҳо, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар давраи баррасишаванда тамоили нисбатан муътадилро соҳиб гардид. 
    Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохила (ММД) дар ин давра ба 19,2 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 6,4 фоизро ташкил намуд. Рушди бештар дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, сохтмон 41,4 фоиз, саноат 14,9 фоиз, гардиши савдои чакана 10,9 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,9 фоиз ба қайд гирифта шуд. 

ММД аз рӯи соҳаҳо (бо фоиз, нисбати давра) 

 
    Дар моҳҳои январ-июни соли равон сатҳи таваррум 2,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ кам мебошад. Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодӣ, коҳишёбии талаботи дохилӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,1 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,8 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ба вуқуъ пайваст. Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 5,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад. 
    Тибқи ҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ, ки ҳамчун инъикоскунандаи таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо баромад менамояд, дар ин давра бо нишондоди манфӣ ҷамъбаст гардида -0,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад. 
     Дар давраи баррасишаванда раванди коҳишёбии нархи маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ (картошка 39,9 фоиз, пиёз 47,3 фоиз, гӯшти гов 4,3 фоиз, гӯшти гӯсфанд 1,4 фоиз, асал 3,8 фоиз, шир 8,3 фоиз, тухм 3,6 фоиз, нахӯд 0,4 фоиз, помидор 68,1 фоиз, бодиринг 70,3 фоиз, ангишт 14,3 фоиз, хишти пухта 8,7 фоиз, семент 1,0 фоиз) ба сатҳи таварруми аслӣ замина гузошт. 

Таваррум ва таварруми аслӣ (тағйирёбии моҳона) 

 
Хадамоти матбуоти 
БМТ

Диданд: 2728

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ