Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

09.10.2018

Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

4 октябри соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани ҳамкории самараноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо ибтикори Департаменти мониторинги молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони Хадамоти гумрук семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Файзуллозода Ф. оғоз намуда, қайд кард, ки ҳифзи амнияти кишвар ва пешгирии ҳодисаҳои манфӣ ба монанди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм на танҳо вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти дахлдор, балки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Monitoring_1.JPG

Боиси тазаккур аст, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №966 аз 12 декабри соли 2017, Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО таъйин гаштааст.

Сипас, ҷиҳати шиносоии иштирокдорон бо фаъолият дар самти МҚД/МТ/МПСҚО аз ҷониби мутахассисони масъули Департаменти мониторинги молиявӣ оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, Тавсияҳои ФАТФ дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани ҳамлу нақди маблағҳои пулӣ, тартиби пешниҳоди ҳисобот ба мақоми ваколатдор, таҳким бахшидани ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоиҳо манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар қисмати муҳокимаронӣ иштирокдорони семинар вобаста ба рӯнамоиҳои пешниҳодгардида ва омӯзиши интерактивӣ, шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузории кишвар дар самти МҚД/МТ/МПСҚО маълумоти муфассал ба даст оварданд.

Дар қисмати ҷамъбастии семинар ба иштирокдорони фаъоли семинар “Дастури корӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО”, ки аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шудааст, супорида шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 3302

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ