Вохӯрии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани стандарти давлатии таълимии ихтисосии “Бехатарии иқтисодӣ”

18.05.2018

Вохӯрии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани стандарти давлатии таълимии ихтисосии “Бехатарии иқтисодӣ”

Санаи 16 майи соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани стандарти давлатии таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Файзуллозода Файзулло– Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон кушода, қайд кард, ки яке аз рукнҳои асосӣ дар самти пурзӯр намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ин омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, стандарти касбии “Бехатарии иқтисодӣ” – ро дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид намояд.

Monitoring_1.JPG

Зимни мулоқот иҷрои қарорҳои қабулгардидаи вохӯрии қаблии Гурӯҳи корӣ нисбати корҳои ба итмом расида инчунин масъалаи омода намудани мавқеи мукаммал нисбати фаъолияти минбаъда дар самти коркард ва татбиқи стандарти давлатии таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Гурӯҳи корӣ пешниҳодҳои худро манзур намуда, доир ба муҳимияти масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф заданд. Дар баробари ин, ҳозирин қайд намуданд, ки ҳар чи зудтар таҳия намудани стандарти таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” дар макотиби олии кишварамон мувофиқи мақсад мебошад.

Monitoring_2.JPG

Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинӣ натиҷаи ҳамкории дуҷонибаи Департаменти мониторинги молиявӣ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва вазорату идораҳои марбутаи кишвар бо мақсади ҷорӣ намудани стандарти таълимии “Бехатарии иқтисодӣ” дар макотибҳои олии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 2901

Бозгашт