Ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ

07.08.2017

Ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ

Санаи 4 августи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии и.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ – Файзуллозода Файзулло ҷаласаи навбатии зергуруҳҳои Гуруҳи корӣ вобаста ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки зергуруҳҳои Гуруҳи кории мазкур бо мақсадаи гузаронидани низоми мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ба таври электронӣ таъсис дода шуда буд.

Monitor_2.jpg

Дар рафти вохӯрӣ ба аъзоёни зергуруҳҳо аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ҶДММ “Истэра” презентатсияҳо вобаста ба корҳои минбаъда оид ба танзими низоми мубодилаи маълумот пешкаш карда шуд.

Баъд аз намоиши презентатсияҳо, аъзоёни зергуруҳҳои Гуруҳи корӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба тартиби нави мубодилаи маълумот баён намуда, қайд карданд, ки тартиби нав ба самаранокии низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таъсири мусбӣ расонида, равандҳои иловагӣ зимни мубодилаи маълумотро аз байн мебарад.

Monitor_1.jpg

Дар фарҷоми вохурӣ,  Роҳбари Гуруҳи корӣ – Файзуллозода Файзулло пешниҳод кард, ки барои хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳо  созишномаҳои дутарафа ба имзо расонида шаванд. "Ин созишномаҳо заминаи ҳуқуқии иловагӣ барои тартиби нави мубодилаи маълумот бо таври электронӣ мегарданд", қайд намуд Файзуллозода.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 3617

Бозгашт