Мулоқоти намояндагони БМТ бо Дафтари СММ дар самти МҚД/МТ

04.07.2017

Мулоқоти намояндагони БМТ бо Дафтари СММ дар самти МҚД/МТ

4 июли соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ бо намояндагони Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар рафти сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 июн - 5 июл) таҳти роҳбарии Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ хонум Ашит Миттал баргузор гардид.

M_1.JPG

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушд ва такмилдиҳии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) муҳокима гардиданд. Аз ҷумла, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, ба монанди муқовимат ба паҳнкунии/савдои маводи мухаддир ва ошкор намудани даромадҳои молиявии он, муқовимат ба маблағгузории терроризм, инчунин тадқиқоти масъалаҳои криптовалюта ва истифодаи ғайриқонунии онҳо ба миён гузошта шуданд. Муҳиммияти ҳамкории самаранок на танҳо дар сатҳи миллӣ миёни мақомоти дахлдори ваколатдор, инчунин дар сатҳи минтақавӣ, хусусан механизми татбиқи Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки байни давлатҳои минтақа баста шудаанд, қайд гардиданд.

M_2.JPG

Дар навбати худ, хонум Миттал омодагии хешро дар пешниҳоди ҳамкории ҳамаҷониба, аз ҷумла, оид ба баланд бардоштани иқтидори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи салоҳиятдор ва Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, тадқиқоти имконпазири иқтисоди пинҳонӣ ва мусоидат дар иҷроиши тавсияҳо дар доираи идораи хавфҳои потенсиалии ҚД/МТ дар Тоҷикистон баён намуд.

M_3.JPG

Департаменти мониторинги молиявӣ миннатдори хешро ба Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди низоми ҚД/МТ дар маҷмӯъ, афзудани иқтидори кормандони Департаменти мониторинги молиявӣ махсусан баён намуд.

Дар ниҳояти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкории самаранок қайд намуда, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро барои минбаъд иброз намуданд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 3978

Бозгашт