Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

14.04.2017

Тренинги омӯзишии ҳайати байниидоравӣ дар самти МҚД/МТ

Рӯзҳои 10-14-уми апрели соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, дар доираи омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, барои ҳайати байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

fin_mon_1.JPG

Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таълимию методии мониторинги молиявӣ (МБТMMM) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бонки миллии Тоҷикистон) ва Федератсияи Русия (Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия) баргузор гардид, намояндагони мақомоти cалоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ширкат доштанд.

Дар ҷараёни тренинги омӯзишӣ як қатор масъалаҳои муҳим ҷиҳати таҳким бахшидани низоми МҚД/МТ баррасӣ гардиданд, аз ҷумла:

мутобиқкунонии низоми миллии МҚД/МТ бо меъёрҳои байналмилалӣ дар самти шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

баҳодиҳии ҳавфҳо дар самти шустушӯи пул, маблағгузории терроризм ва ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи миллӣ;
стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ нисбати мақомоти назоратӣ;

масъалаҳои ташкил ва бурдани назорат дар самти МҚД/МТ бо истифода аз механизми назорати фосилавӣ; ҳамчунин дар заминаи баҳодиҳии хавфҳо;

фаъолияти оперативӣ ва ҳифзи ҳуқуқ;

fin_mon_2.JPG

роҳандозӣ намудани таҳримҳои мақсадноки молиявии Шӯрои амнияти СММ оид ба ифшосозӣ, масдудкунӣ ва муҳосираи дороиҳои шахсони ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ алоқаманд ва ғ.

Дар навбати худ иштирокдорони чорабинӣ ҳангоми баҳсу муҳокимаҳо аз таҷрибаҳои хеш дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, дар рафти мубодилаи афкор доир ба муассир намудани фаъолият дар ин самт фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.


Департаменти мониторинги молиявӣ

БМТ


Диданд: 5509

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ