Мақсад – табодули таҷрибаи мутахассисон

31.03.2016

Мақсад – табодули таҷрибаи мутахассисон

31 марти соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷриба семинари омӯзишӣ бо иштироки масъулини мақоми кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (Korea Financial Intelligence Unit – KoFIU) дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гашт.

uchebniy seminar 1.jpg

Қайд гардид, ки чорабинии мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба байни мақоми кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (Korea Financial Intelligence Unit – KoFIU) ва Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, пешбурди фаъолияти низоми бонкии мамлакат ва табодули таҷрибаи пешқадам нақши муҳим дорад.

Uchebniy Seminar 2.jpg

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон зимни суханрониҳои худ оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Департамент, аз ҷумла масъалаҳои баҳодиҳии хавфи миллӣ, омода намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳодиҳии даври дуюм маълумоти мушаххас доданд. Иштирокчиёни семинар ҳамчунин иброз доштанд, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани тахассуси кормандони Департаменти мониторинги молиявӣ ва кормандони дигари Бонки миллии Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ


Диданд: 22823

Бозгашт