СУБОТИ МОЛИЯВӢ

ФИНАНСОВАЯ СТАБИЛЬНОСТЬ

УСТОЙЧИВОСТЬ ФИНАНСОВОЙ СИСТЕМЫ


Суботи молиявӣ ҳолатест, ки дар он ҳамаи бахшҳои низоми молиявӣ (бозорҳои молиявӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва сохтори молиявӣ) муътадил ва бе осебпазирӣ фаъолият намуда, дар муқобили таъсири хавфҳо ва шокҳои берунӣ сатҳи баланди истодагариро таъмин менамоянд.

Суботи молиявӣ фаъолнокии бахшҳои низоми молиявӣ ва миёнаравии молиявии босамарро таъмин намуда, барои устувор гардидани рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд. Бинобар ин, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мақомотҳои ваколатдори соҳа барои нигоҳ доштани суботи молиявӣ саъю кӯшишҳои  зиёд ба харҷ медиҳанд.

ПОЛНОМОЧИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО  БАНКА ТАДЖИКИСТАНА


Баҳри мусоидат дар самти нигоҳ доштани суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ, тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон таҳия ва назорати иҷрои сиёсати макропруденсиалӣ муайян гардидааст.

Мақсадҳои асосӣ дар раванди фаъолияти Идораи суботи молиявӣ ин мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, таҳия ва амалигардонии сиёсати макропруденсиалӣ, баҳодиҳии сатҳи хавфҳо дар низоми молиявӣ ва андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати коҳиш додани онҳо мебошад.

Мониторинги суботи молиявӣ назорат аз рӯи бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, дигар миёнаравони молиявӣ, инчунин бозорҳои молиявӣ ва низоми пардохтро дар амалисозии фаъолияти ба онҳо хос ва қобилияти иҷрои чунин фаъолиятро ҳангоми таҳдиди хавфҳои дохилию берунӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи омилҳои ба суботи молиявӣ таъсиррасонро ифода менамояд.